Иштироки С.Аслов дар нишасти ВКХ кишварҳои узви СҲИ
Душанбе, 20.06.2014 (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим).- 18-19 июни соли 2014 41-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ таҳти шиори “Таҳқиқи самтҳои ҳамкории исломӣ” дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.
Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар он мавқеи кишварро доир ба масъалаҳои муҳими олами ислом, аз ҷумла қазияи Фаластин, ихтилофи ақоидӣ дар доираи як мазҳаб, пуштибонии пешниҳод ҷиҳати таъсиси Маркази гуфтугӯи мазҳабҳо (Center for dialogue amоng Islamic schools of thougths), дастгирии қатъномаҳои ин созмон дар масъалаҳои гуманитарӣ, фаннӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иттилоотӣ, ҷалби аҳамияти бештар барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод баён намуд.
Дар доираи иштирок дар ҳамоиш як зумра вохӯриҳои ҳайати кишвар, аз ҷумла, мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии Яман, Бангладеш, Мавритания, Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Салтанати Уммон ва намояндаи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, ки дар онҳо масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, хоссатан СҲИ мавриди табодули назар қарор гирифтанд.
Дар нимаи дувуми 19 июни соли ҷорӣ вохӯрии роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли СҲИ Иёд Амин Маданӣ ва бо Президенти Бонки Рушди Исломӣ (БРИ) Аҳмад Муҳаммад Алӣ баргузор гардид, ки дар он масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СҲИ ва Бонки Исломии Рушд мавриди муҳокимаи тарафайн қарор гирифт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






