Иштироки Тоҷикистон дар Ярмаркаи байналмилалии Қошғар

Июнь 11, 2014 15:25

Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон вазорату идораҳои манфиатдор, созмону иттиҳодияҳо, бонкҳо, корхонаҳо, сохторҳои тиҷоратӣ, ҳамчунин соҳибкорони инфиродиро даъват менамояд, ки дар Ярмаркаи 10 – уми байналмилалии тиҷоратии Қошғар иштирок кунанд. Ярмарка аз 27 то 29 июл дар Маркази намоишгоҳҳои байналмилалии Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад. Мақсад аз доир намудани ярмаркаи тиҷоратӣ рушду густариш бахшидани равобити тиҷоратию иқтисодии байни Чин ва давлатҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ мебошад. Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, соҳибкорони тоҷик бо мададу дастгирии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, маъмурият ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Қошғар аз соли 2004 инҷониб дар ярмаркаҳои ҳарсолаи тиҷоратии Кошғар иштирок менамоянд.

Июнь 11, 2014 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад