Истироҳат дар лагерҳо барои кӣ ройгон аст?
Душанбе, 09.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Аз 12 июни соли ҷорӣ истироҳатгоҳҳои тобистонаи кишвар дари худро ба рӯйи кӯдакону наврасон боз мекунанд. Бо мақсади беҳтар фаро гирифтани мактабиён бо фароғати фаъол дар асоси Қарори Ҳукумати мамлакат дар назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар ситоди махсуси «Тобистон — 2014» таъсис ёфт.
Ба ситод роҳбарону масъулони ниҳодҳои масъули бахши истироҳати таътилии кӯдакону наврасон дохиланд. Мувофиқи нақшаи пешакӣ, имсол дар ҷумҳурӣ 4227 лагери тобистонӣ, аз ҷумла 3328 наздимактабии рӯзона, 154 беруназшаҳрии шабонарӯзӣ, 109 варзишию тандурустӣ, 383 истироҳатгоҳ барои хонандагони синфҳои боло, 315 лагери меҳнату фароғат амал мекунанд ва дар онҳо беш аз 358 ҳазор хонанда истироҳат хоҳанд кард.
Истироҳат дар лагерҳо барои кӯдакону наврасони болаёқат, аълохон ва аз оилаҳои камбизоат ройгон аст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






