Изҳороти РКДАМ дар ВМКБ
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Рўзи 16-уми июни соли 2014, соати 12.15 дақиқа ҳангоми иҷроиши супориши хадамоти махсуси яке аз давлатҳои хориҷӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқов Александр Иброҳимович, зодаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, маълумоташ олӣ, муваққатан бекор, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, боздошт гардид.
Санҷиши пешакӣ нишон дод, ки Содиқов А.И. рўзи 09-уми июни соли 2014 тавассути почтаи электронӣ аз ҷониби намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ, ки ҳамчун шахси мулкӣ таҳти пушиши муҳаққиқ муқобили Точикистон фаъолияти тахрибкории разведкавӣ мебурд ва дар алоқаи охирин қарор дошт, барои вохўрӣ даъват карда шуд.
Вохурӣ рўзи 10-уми июни соли ҷорӣ аввал дар алоҳидагӣ ва шабона дар резидентсияи нафари аввали хадамоти махсуси он кишвар, ки ҳамчунон зери пушиши фаъолияти дипломатӣ амал мекунад, баргузор гардид. Аз охирин супориши конкретӣ ва маблағи пулӣ бо ҳисоби доллар барои иҷрои ин супориш дастрас кард.
Ҳангоми вохўрии махфӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд Содиқов А.И. вазифадор карда шуд, ки ба шаҳри Хоруғи ВМКБ сафар карда, бо риоя кардани талаботи махфикорӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алим Шерзамонов ва дигарон вохўрӣ кунад.
Ҳангоми мулоқот аз шаҳрванд Шерзамонов А., тибқи саволномаи тайёр кардаи он намоянда, ки характери разведкавӣ дорад, маълумот дастрас намояд.
Содиқов А.И. бар зарари оромиву суботи кишвар, мақсадҳои ғаразноки худро пеша намуда, бо мақсади иҷро намудани супориши гирифтааш ба шаҳри Хоруғ сафар карда, бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алим Шерзамонов, зода ва истиқоматкунандаи ш.Хоруғи ВМКБ, вохўрӣ ва мулоқот намуд.
Мулоқоти Содиқов А.И. бо А.Шерзамонов дар асоси маслиҳати пешакӣ дар ҷои махсус таъиншудаи боғи марказии шаҳр, ба вуқўъ пайваст ва ҳангоми аз охирин гирифтани маълумотҳои ғаразнок боздошт гардид.
Санҷиш дар ин самт идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






