Изҳороти ВКД оид ба ҷамъомади назди Сафоратхонаи Британияи Кабир

Июнь 24, 2014 16:10

Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Дар ҳодисае, ки дар назди Сафоратхонаи Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июни соли равон соати 16:00 ба вуқӯъ пайваста, 30 дақиқа идома ёфтааст, тахминан 45-50 нафар шаҳрванд дар назди сафоратхонаи мазкур, воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, хонаи 67, ҷамъ омада, изҳори вохӯрӣ бо Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро кардаанд.
Ҳангоми дастрас шудани онҳо аз ҷониби кормандони милитсия ба РВКД дар шаҳри Душанбе маълум гардид, ки шаҳрвандони мазкур баъди хабардор шудани он, ки Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғи ВМКБ сафар кардааст, аз намояндагони сафоратхона талаб намудаанд, ки сафир аз ВМКБ баргашта, бо онҳо суҳбат кунад, зеро ки сар задани нооромиҳо дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз хориҷиҳо гумонбар шудаанд.
Гарчанде аз тарафи Сафоратхонаи Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзу шикоят ворид нашуда бошад, ҳам аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ сари вақт барои роҳ надодан ба бетартибиҳо тадбирҳо андешида шуда, амнияти сафоратхонаи мазкур зери назорати қатъӣ гирифта шуд.
 Нисбат ба 5 нафар шаҳрванде. ки дар назди Сафоратхонаи Британияи Кабир ҷамъ шуда буд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 461 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, аз онҳо аз тарафи Суди ноҳияи Сино ҷарима ситонида шуд.
Инчунин нисбат ба 15 нафар иштирокчӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати дар оянда такрор накардани чунин ҳуқуқвайронкуниҳо қатъиян огоҳонида шуда ва бо 27 нафар суҳбати инфиродӣ-пешгирикунанда барои роҳ надодан ба чунин бетартибиҳо гузаронида шуд.
Баъди ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодиса барои дуруст санҷидани ҳодисаи мазкур муовини вазири корҳои дохилӣ И. И. Умарзода ба Сафорати Британияи Кабир рафт. Дар вақти суҳбат бо кормандони сафорат ва Сафири Британияи Кабир маълум шуд, ки ба сафорат ва кормандони сафорат ягон зарари моддӣ ва маънавӣ расонида нашудааст ва кормандони сафорат аз корҳои ба анҷом расонидаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ изҳори миннатдорӣ намуда, ба ҳаракатҳои кормандони милитсия баҳои баланд доданд.
Дар ин бора ВКД ҶТ хабар медиҳад.

Июнь 24, 2014 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!