Кабули тарҳи нави қонуни конститутсионӣ
Душанбе, 04.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид, 4 июн онро баъди баррасии тӯлонӣ вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон қабул намуданд. Маҳкам Маҳмудзода- раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни муаррифии тарҳи нави лоиҳаи ин қонуни конститутсионӣ гуфт, ки он бо мақсади иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар ва такмил додани фаъолияти густурдаи Суди конститутсионӣ бо назардошти таҷрибаи судҳои конститутсионии давлатҳои пешқадами дунё таҳия шудааст. М. Маҳмудзода афзуд, ки аввалин Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 3 ноябри соли 1995 қабул гардид, буд, ки он ба сатҳи донишҳои назариявӣ ва амалию ҳуқуқиии замони қабулаш пурра мувофиқат дошт. Ба он 12 маротиба ё 132 тағйиру иловаҳо ворид шудаанд, ки онҳо инъикоси демократикунонии минбаъдаи ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон, раванди ислоҳоти конститутсонӣ дар кишвар ва рушду таҳкими институтҳои демократӣ ва ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбанд. Лоиҳаи нави қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба салоҳияти Суди конститутсионӣ беҳбуд бахшида, дар он фаъолияти мурофиавӣ, таркиби татбиқи салоҳият ва таъмини иҷрои санадҳои судӣ ҷиддан мавриди танзим қарор гирифтааст. Лоиҳаи нави қонуни конститутсионии мазкур аз 15 боб ва 86 модда иборат буда, ҳайати Суди конститутсионӣ, тартиби интихоби раис, муовини раис ва судяҳои Суди Конститутсионӣ ва талабот нисбат ба онҳо, муҳлати ваколати судяҳо, масъалаҳои марбут ба мустақилияти судяҳои суди Конститутсионӣ, дахлнопазирии онҳо, боздоштани ваколаташон, бозхонд ва истеъфояшон, инчунин масоили марбут ба ҳифзи иҷтимоии судяҳои Суди конститутсиониро ба танзим медарорад. Бори аввал дар боби панҷуми лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур муайян гардидааст, ки бо иҷозати Суди конститутсионӣ истифодаи воситаҳои аксбардорӣ, сабти аудио-видеоӣ, пахши ҷараёни мурофиаи судӣ аз тариқи радио ва телевизион дар ҷараёни мурофиа роҳ дода мешавад, ки ин меъёр дар як вақт имконият медиҳад, ки аз ҷараёни баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ аҳолии кишвар огоҳ бошанд. Раиси Суди конститутсионии кишвар афзуд, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти таҷрибаи Судҳои конститутсионии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, бахусус Аврупо, Русия, Олмон, инчунин Арманистон таҳия гардида, дар он пешниҳоду таклифҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шӯрои адлия, Вазорати адлия Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар мақомоти кишвар ба инобат гирифта шудаанд. Инчунин хулосаи коршиносони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи конститутсионӣ аз Комиссияи венетсиании Шӯрои Аврупо ба эътибор гирифта шуда, он мавриди назари мутахассисон, олимону устодони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, инчунин аъзои Шӯрои умумии машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






