Кадом омилҳо хушунатро дар хонаводаҳо ба вуҷуд меоранд?

Июнь 26, 2014 15:16

 
 Душанбе, 26.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия  Саидзода).-«Яке аз омилҳои асосии ба  вуҷуд омадани хушунат дар хонаводаҳо ин паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии  шаҳрвандон аст», гуфт Гулҷаҳон Бобосодиқова- сарвари  созмони ҷамъиятии «Занони маълумоти олидор» дар ҷараёни нишасте, ки дар Душанбе доир ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» баргузор гардид.
          Нишасти мазкур бо ибтикори созмони ҷамъиятии «Никоҳ ва оила» дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятии «Занони маълумоти олидор» ва «Парастор» гузаронида шуда, дар он мутахассисону коршиносон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд.
          Гулҷаҳон Бобосодиқова зимни тавзеҳи  паҳлуҳои афзалиятноки  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» гуфт, ки қонуни мазкур моҳи марти соли 2013 аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон қабул гардидааст. Дар  таҳияи ин қонун дар баробари ба инобат гирифтании зарфиятҳои ҷомеаи мадании Тоҷикистон, инчунин таҷрибаи кишварҳои  мусулмонӣ,  назири Туркия  ва Малайзия истифода гардидааст. Гулҷаҳон Бобосодиқова афзуд, ки  бояд тавассути васоити ахбори омма қонуни мазкур  тарғиб гардида, дар мавриди роҳҳои пешгирии хонаводаҳо аз хушунат дар ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.  Бояд тазаккур дод, ки қонуни мазкур  муносибатҳои ҷамъиятиро  вобаста ба  пешгирии хушунат  дар оила  танзим намуда,  вазифаҳои субъектҳои  пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо  дар мавриди ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои  ба он мусоидаткунандаро муайян менамояд. Бо қабули қонуни мазкур дар маҳаллаҳо нозирони  минтақавӣ вобаста ба зӯроварӣ дар оила  амал намуда, дар Академияи милитсия курсҳои омӯзишӣ дар ин масъала ташкил  шудаанд. Инчунин дар ҷумҳурӣ 105 маркази иттилотию бӯҳронӣ дар мавриди пешгирии зӯроварӣ дар хонаводаҳо созмон дода шудааст.
      Дар нишаст ҳамзамон роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии «Никоҳ ва оила» Марҳабо Зунунова ва  «Парастор» Раъно Қосимова роҷеъ ба фаъолияти ин ниҳодҳо дар роҳи пешгирии хушунати хонаводагӣ ва андешидани тадбирҳои мушаххас дар ин самт ибрози назар намуданд.
    Дар фарҷом иштирокдорони нишаст  доир ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз хушунат дар хонаводаҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодии хонаводаҳо, хусусан бо таҳсил ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон табодули назар намуда, пешниҳодҳои судмандро дар ин самт ироа карданд.
 

Июнь 26, 2014 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад