Кашфи фоҳишахонаҳо ва боздошти даллаҳо

Июнь 30, 2014 10:24

Душанбе, 30.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат директори истироҳатгоҳи “Явроз” шаҳрванд Б.Бекназаров, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Душанбе, бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир гардид. Сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ки номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо маъмурияти истироҳатгоҳи мазкур шаҳрванд Ҳ. Вафо, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Душанбе, истироҳатгоҳи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон Ҷ.Н, соли таваллудаш 1988 ва С. Р, соли таваллудаш 1987 барои алоқаи ҷинсӣ шароит муҳайё намуда, аз онҳо 440 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.Ҳамчунин ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар даллагӣ шаҳрванд Д. Шарифова, соли таваллудаш 1959, пеш бо моддаи 244 ва 239 КҶ ҶТ суд шудааст ва духтараш Б. Шарифова, соли таваллудаш 1985, сокинони шаҳри Хуҷандро дастгир намуданд. Онҳо рӯзи 22.06.2014, тахминан соати 19:00 дақиқа дар назди дармонгоҳи дандонпизишкӣ, воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи-8, сокинони вилояти Суғд Т.А, соли таваллудаш 1977, О.Н, соли таваллудаш 1987, Ҷ.Д, соли таваллудаш 1975, Б.М, соли таваллудаш 1980-ро барои алоқаи ҷинсӣ шинос карда, аз онҳо 310-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаанд.Манбаъ инчунин хабар медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани як чорабинии дигари фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт шаҳрванд И.З, соли таваллудаш 1987, сокини кӯчаи К.Сеткин, ҳамчун гумонбар дар ташкил намудани фоҳишахона дастгир шуд. Номбурда рӯзи 24.06.2014. хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон М.М, соли таваллудаш 1990 ва А.Ш, соли таваллудаш 1991, сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 180 сомонӣ гирифтааст. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Июнь 30, 2014 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст