Кашфи фоҳишахонаҳо ва боздошти даллаҳо
Душанбе, 30.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат директори истироҳатгоҳи “Явроз” шаҳрванд Б.Бекназаров, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Душанбе, бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир гардид. Сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ки номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо маъмурияти истироҳатгоҳи мазкур шаҳрванд Ҳ. Вафо, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Душанбе, истироҳатгоҳи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон Ҷ.Н, соли таваллудаш 1988 ва С. Р, соли таваллудаш 1987 барои алоқаи ҷинсӣ шароит муҳайё намуда, аз онҳо 440 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.Ҳамчунин ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар даллагӣ шаҳрванд Д. Шарифова, соли таваллудаш 1959, пеш бо моддаи 244 ва 239 КҶ ҶТ суд шудааст ва духтараш Б. Шарифова, соли таваллудаш 1985, сокинони шаҳри Хуҷандро дастгир намуданд. Онҳо рӯзи 22.06.2014, тахминан соати 19:00 дақиқа дар назди дармонгоҳи дандонпизишкӣ, воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи-8, сокинони вилояти Суғд Т.А, соли таваллудаш 1977, О.Н, соли таваллудаш 1987, Ҷ.Д, соли таваллудаш 1975, Б.М, соли таваллудаш 1980-ро барои алоқаи ҷинсӣ шинос карда, аз онҳо 310-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаанд.Манбаъ инчунин хабар медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани як чорабинии дигари фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт шаҳрванд И.З, соли таваллудаш 1987, сокини кӯчаи К.Сеткин, ҳамчун гумонбар дар ташкил намудани фоҳишахона дастгир шуд. Номбурда рӯзи 24.06.2014. хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон М.М, соли таваллудаш 1990 ва А.Ш, соли таваллудаш 1991, сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 180 сомонӣ гирифтааст. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






