Кашфи коргоҳи нӯшокиҳои ғайристандартӣ

Июнь 5, 2014 14:39

Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолии мамлакат аз воридоти маҳсулоти пастсифату хатарнок мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо аз аввали соли 2014 то имрӯз зиёда аз 400 тонна маҳсулоти гуногуни муҳлати истеъмолашон гузаштаро ошкор намуданд.
Дар Агентии «Тоҷикстандарт» мутахассисони соҳа ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки дар фасли тобистон талабот ба нӯшокиҳои ташнагишикан зиёд мегардад. Вобаста ба талаботи бозор корхонаҳои истеҳсоли обҳои ташнагишикан маҳсулотҳои гуногуни худро ба мардум пешкаш мекунанд. Дар байни истеҳсолкунандагон соҳибкороне ҳастанд, ки ба беэътиноӣ роҳ дода, талаботи қонунҳоро вайрон мекунанд ва маҳсулоти пастсифату ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набударо дар таҷҳизоти худсохт,  бе иҷозати мақомоти дахлдор истеҳсол мекунанд. 
Мутахассисони Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд зимни гузаронидани санҷиш дар нуқтаҳои фурӯши бозори ҶДММ «Гулистон»-и шаҳри Хуҷанд ба миқдори калон панҷ намуд нӯшокии худсохти ташнагишикани «Оби газнок», «Тасним», «Яблоко», «Лимонад», «Вишня», «Кола» ва «Персик»-ро дар зарфҳои полиэтелинии  ғунҷоишаш 1 литра ошкор намуданд, ки хилофи меъёрҳои стандартӣ буда, истеъмоли он ба саломатии инсон зарар дорад.  
Идомаи санҷиши кормандони Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд нишон дод, ки ин маҳсулоти қалбакию пастсифат дар коргоҳи хурди соҳибкори инфиродӣ Шӯҳрат Акзамов бе риояи талаботи муқаррарии маводи хӯрокӣ, хилофи меъёрҳои стандартӣ дар шароити ғайрисанитарӣ истеҳсол шудааст ва ин ба ном коргоҳи хурди истеҳсолии соҳибкори инфиродӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд дар бинои сохтмонаш нотамом воқеъ аст.
Азназаргузаронӣ нишон дод, ки коргоҳ ба ягон талаботи меъёрии истеҳсоли маводи хӯрокӣ ҷавобгӯ набуда, таҷҳизоти обрезӣ, обтозакунӣ, зарфҳои калони нигоҳдории об, таҷҳизоти сарпӯшкунӣ ва дигар лавозимот бе риояи талаботи зарурӣ насб шуда, истифодаи таҷҳизот ва ҳамаи корҳо дастӣ иҷро мегарданд.  Шароити нигоҳдории маҳсулот ба талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ ҷавобгӯ намебошад.
Аммо соҳибкор ин қабил маҳсулоти қалбакиро бе ягон ташхис, бе сертификати мутобиқат ва бе иҷозат дар нуқтаҳои савдо ба фурӯш баровардааст.
Миқдори нӯшокиҳои ташнагишикани дар бозори «Гулистон» ошкоршуда 4568 ададро ташкил дода, номгӯи нӯшокиҳои ташнагишикани «Тасним», «Яблоко», «Лимонад», «Вишня», «Кола» ва «Персик» аз рӯи тамғақоғаз, яъне нишон дода нашудани санаи истеҳсол, мавҷудияти моддаҳо ва  бӯйҳои бегона ба талаботи стандартҳои байнидавлатии 28188-89 мутобиқ намебошад. Ҳамаи маҳсулот хилофи талаботи стандартҳои байнидавлатӣ истеҳсол шудааст.

Июнь 5, 2014 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!