Кашфи усулҳои нави хариду фурӯши маводи мухаддир

Июнь 23, 2014 13:18

Душанбе, 23.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо назардошти хавфу хатарҳои марговари маводи нашъадор кормандони Хадамоти гумрук муборизаро алайҳи он пурзӯр намуда, пайваста амалиётҳои махсуси фавриву ҷустуҷуӣ доир менамоянд, ки дар натиҷаи он гурўҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб безарар ва аз онҳо миқдори махсусан калони ин маводи зиёновар дарёфт ва мусодира мешаванд.
Дар натичаи бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ ба кормандони фаврии Хадамот муяссар гашт, ки яке аз ҷинояткорони фаъоли гурӯҳи нашъаҷаллобро боздошт  намоянд.
Ин ҷинояткор зери ниқоби тоҷири нақлиётҳои сабукрав ва намояндаи яке аз фирмаҳои афғонӣ буда, ба хариду фурўш, интиқол ва нигоҳдории маводҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон даст доштааст.
Ин нафар сокини вилояти Бадахшони Афғонистон Муҳаммаднаим валади Азими буда, соли 2008 ба Тоҷикистон омада, то ба имрўз инҷо кор ва зиндагӣ доштааст.
Яке аз усулҳои ба фурўш баровардани маводи маргбори гурўҳи ҷиноӣ  ба ҷои маблағ гирифтани автомашинаҳои сабукрави тамгаҳои хориҷии гароннарх буда, баъд аз соҳибӣ кардани  наклиёт онҳоро ҳамчун тоҷир ба фурўш гузошта, бо ин роҳ худро аз ҷавобгарии ҷиноӣ дур нигоҳ доштан будааст.
Ин дафъа низ Мухамамаднаим бо гирифтани як автомашинаи тамғаи «Lexus»  бо нархгузории 55 ҳазор доллари амрикоӣ ва пешпардохт ба маблағи 6 ҳазор долари дигар ҳангоми фурӯши зиёда аз 40 кг маводи сахттаъсири навъи героин дастгир шуд. 
Ҳамчунин зимни амалиётҳои фаврӣ — ҷустуҷӯии кормандони гумрук муайян гардид, ки дастгиршуда Мухаммаднаим валади Азим аз тарафи сохторҳои амниятии Афғонистон дар кофтукови ҷиноӣ бо гумони даст доштан ба кӯштор қарор доштааст.
Айни ҳол корҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати мубориза бар зидди қочоқи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба дастгир кардани аъзоёни дигари  ин гурӯҳи ҷиноӣ  идома дорад.
Дар ин бора сухангӯи маркази матбуоти Хадамоти гумрук Ҳумайро Мирова иттилоъ дод.
 
 

Июнь 23, 2014 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!