«Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол»-озмун
Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи китоб» -4 сентябр озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол»дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014-ро баргузор менамояд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» директори китобхонаи мазкур Боймурод Боев иттилоъ дод, дар озмун оид ба номгӯйи «Китобхонаи сол» китобхонаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз тобеият ва аз рӯи номгӯйи «Китобдори сол» кормандони фаъоли китобхонаҳои маҳаллаҳо, ҷамоатҳо, шаҳракҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ иштирок карда метавонанд.
Дар номгӯйи «Китобхонаи шахсии сол» онҳое ширкат меварзанд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ китобхонаи шахсии худро эҳё намудаанд, ё ин ки дар манзили шахсии худ китобхонаи нодиреро таъсис додаанд, ки аз он ёру дӯстон, хешу ақрабо ва дигар табақаи ниёзмандон истифода мебаранд.
Иштирокчиёни озмун аз тариқи паёмакҳо, инчунин аз рӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида баҳогузорӣ мешаванд. Дар озмун ҷойи аввал, ҷойи дуюм ва ҷойи саввум муқаррар шудааст. Ба ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукот диплому ифтихорномаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаи «Гран-при» супорида мешавад.
Ёдрас мешавем, ки натиҷаи озмун дар «Рӯзи китоб»- 4 сентябр дар семинари ҷумҳуриявии соҳаи китобдорӣ дар Душанбе эълон мешавад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






