Китоби нави Саймиддин Мирзоев
Душанбе, 14.06. 2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- «Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир-таҳдид ба низоми амнияти миллӣ», зери чунин унвон китоби тозанашри Саймуддин Мирзоев рӯи чоп омад.Китоби мазкур ба масъалаи таҳкими амнияти миллӣ ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ бахшида шудаааст. Ҳадафи аслии китоб аз он иборат аст, ки барои мубориза бо ин падидаи номатлуб аҳли ҷомеа саҳм гиранд, зеро маводи нашъадор аз сангинтарин мушкилиҳои ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Муаллиф дар асоси таҷрибаи амалии худ ва тадқиқоти илмию назарии мавзӯъ ба он дастёб гардидааст, ки унсур ва категорияҳои комилан навро ташхис намояд.Дар тадқиқоти мазкур барои таҳкими суботу амният ва тарбияи солими аҳли ҷомеа пешниҳодҳои амалӣ оварда шудаанд. Мулоҳизаи ҷиддии муаллиф барои дарк ва шинохти падидаҳои номатлуби нашъамандӣ ва нашъаҷалобӣ ба хонандаи тоҷик мусоидат хоҳанд кард.Ғояи асосии китоб аз андешаи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба мубориза ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ сарчашма гирифта, барои мутахассисоне , ки ба ин кор машғул хоҳанд шуд , чун роҳнамои назарию амалӣ метавонад хизмат намояд.Китоб барои сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, таърихнигорон, кормандони фаврии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва махсус, унвонҷӯён, донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон, ки масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ мароқ зоҳир мекунанд, тавсия мешавад. Бояд гуфт,ки китоби мазкур бахшида ба 20- солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар муассисаи нашриявии «Ирфон» -и Вазорати фарҳанг чоп гардидааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






