Коҳиши пошхӯрии оилаҳо дар Чкалов

Июнь 16, 2014 14:12

Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Дар давоми 5 моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ дар шаҳри Чкалов 30 ҳолати пошхӯрии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2013  9,1 фоиз кам мебошад.
Ба иттилои сомонаи расмии раиси вилояти Суғд, шумораи никоҳ дар ин давра 58 ададро ташкил дод, ки  ин миқдор нисбат ба ҳамин давраи соли 2013  10 адад зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки дар моҳҳои январ -майи соли 2014  дар шаҳр 273 кӯдаки навзод ба  қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 15 адад беш аст.

Июнь 16, 2014 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш