Конҳои Панҷакент «Зарафшон»-ро чанд сол таъмин менамоянд?

Июнь 12, 2014 14:47

Панҷакент, 12.04.2014. (АМИТ«Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-Яке аз корхонаҳои калон ва муҳими кишвар — ҶДММ КМ «Зарафшон», ки дар ноҳияи Панҷакент фаъолият мекунад дар рушди иқтисоди миллӣ ва соҳаи саноати кишвар нақши назаррас дорад. Оид ба фаъолияти ин корхонаи азим имрӯз чӣ гуна ба роҳ монда шудааст ва захираҳои конҳои тиллои ин минтақа ба фаъолияти минбаъдаи «Зарафшон» чӣ таъсир доранд ва дигар масоили вобаста ба он хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар водии Зарафшон бо сардори зершуъбаи истеҳсолии шуъбаи геологию маркшвейдерии ҶДММ КМ «Зарафшон» Вера Сулаймонова суҳбат анҷом дод, ки фушурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем. Фаъолияти зершуъбаи истеҳсолӣ, ки Шумо сардори он ҳастед, аслан аз чӣ иборат аст? — Зершуъбаи истеҳсолии мо дар истихроҷи маъдани тиллодори конҳои Ҷелав ва Хирсхона фаъолияти пурсамар дорад. Аз ибтидои таъсиси КМ «Зарафшон» корҳои қабаткушоӣ ва истихроҷи маъдан муштаракан идома меёбад ва ин имконият медиҳад, ки коргоҳи заршӯйи бидуни танаффус бо маъдани тиллодор таъмин карда шавад. Бояд илова намоям, ки мо дар баробари истихроҷи маъдан омӯзиши атроф ва қишрҳои нисбатан поёнии конҳои номбаршударо бе таваққуф идома медиҳем. Ҳамсон кардани истихроҷи маъдан ва корҳои омӯзишии геологӣ ба мо имкон медиҳад, ки манбаъҳои сермаъдани конҳои номбурдаро кашф намоем. Ҳоло дар Ҷелави Поён сохтмони коргоҳи заршӯйӣ бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз идома дорад. Ҳамкорӣ бо хориҷиён аз назари Шумо чӣ гуна аст? Оё дар фаъолияти муштарак мушкилот ҳам ҷой дорад? Саҳмдорони қаблии ҶДММ КМ «Зарафшон» аз Британия буданд ва ҳоло чиноиҳо ҳастанд. Дар муддати фаъолияти кории худ бо бритониҳо, ки бештар аз 10 сол идома дошт, мо бисёр чизҳоро омӯхтем. Ба таври дигар, ҳатто монеаҳои забонӣ низ бартараф шуданд. Муттахассисони ҳама шуъбаҳои корхона бо технологияи нав, аз қабили компютер, таҷҳизоти муосири соҳавӣ кор карданро хеле хуб омӯхтанд. Муттахассисони шуъбаҳо дар хориҷа дониши худро такмил доданд. Масалан собиқ корманди мо Лайлӣ Баҳриева дар Малайзия таҷриба ва дониши худро такмил дода, бо забони англисӣ озодона гап мезанад. Бо чиниҳо низ ҳамкории хубу босамар дорем ва хушбахтона онҳо бисёр нозукиҳои соҳавиро аз мо меомӯзанд. Ба фаъолият оғоз кардани муттахассисони ҷавон низ моро хушнуд месозад. Масалан, Динмуҳаммад Шарофов 2 сол қабл, баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор омад. Имрӯз мустақилона кор мекунад. Муттаасифона, аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ дар шуъбаи геологӣ таҳсил карданро хело кам дучор мешавем. Ман дар ҳамин диёр зода шуда, дар ҳамин ҷо соҳиби ихтисос шудам. Дар кишваҳои мутараққии ҷаҳон духтарон дар соҳаи геология зиёд кор мекунанд. Муваффақиятҳои соҳавии онҳо низ кам нест. Дар хусуси саҳми занон дар корхона чӣ андеша доред?- Тибқи Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон зану мард дар ҷомеаи мо ҳаққу ҳуқуқи баробар доранд. Дар КМ «Зарафшон» ин талаботи Сарқонун риоя мешавад. Яке аз занони маҳаллӣ Мавлуда Ҳошимова аст, ки солҳо инҷониб дар ҳайати роҳбарияти корхона фаъолияти назаррас дорад. Дар шуъбаҳои назорати техникӣ, хӯроки умумии корхона, ташхисгоҳи кимиёвӣ занону духтарон зиёдтар фаъолият мекунанд. Дар шӯъбаи маъмурӣ ва мусоҳибот теъдоди занону духтарон камтар аст. Аммо дар бораи яке аз духтарони маҳаллӣ-хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Наргис чанд сухан гуфтан мехоҳам. Мавсуф дар шуъбаи назорати техникӣ кор карда, забони англисиро хуб омӯхт. Ҳоло аз ҷониби корхона ба Ҷумҳурии Мардумии Чин фиристода шудааст, ки оянда чун мутахассис дар ҳайати маъмурии корхона фаъолият хоҳад кард. Ба андешаи Шумо дурнамои фаъолияти корхона чӣ гуна хоҳад буд? -Бо ҷуръат ва итминон мегӯям, ки корхона ояндаи дурахшон дорад. Зеро манбаъҳои кашфшудаи ҳавзаи дарёҳои Моғиён ва Шинг хеле зиёданд. Хатти маъданҳои зеризаминии Чинорсой, ки хеле тӯлонист, метавонад даҳсолаҳо корхонаро бо маъдан таъмин намояд. Ҳоло мо маъданро аз конҳои Ҷелав, Хирсхона ва Таррор истихроҷ менамоем. Кони Саврсой низ маъдани тиллодор дорад, ки истифодаи ҳамаи онҳо ба рушди минбаъдаи корхона таъсири мусбӣ хоҳанд гузошт.

Июнь 12, 2014 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад