Конфронс баҳри беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ
Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- 26-уми июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе доир ба муаррифии нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2014 №301 тасдиқ гардидааст, мизи мудаввар доир мегардад.
Ин иқдом аз ҷониби Шўрои машваратии назди Президенти ҷумҳурӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар мизи мудаввар масъулини ширкатҳои туристӣ ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ки мутахассисонро дар риштаи туризм тайёр менамоянд, ширкат хоҳанд кард.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






