Кормандони милитсия пора намегиранд
Душанбе,10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон шаҳрванд Бобоёрова Баҳор Рӯзиевна, соли таваллудаш 1964, оид ба лату кӯб шуданаш аз ҷониби шаҳрванд Худойқулов Абдуқаҳҳор Ғаниевич, соли таваллудаш 1954, сокини ноҳияи Панҷ, ба ШВКД ноҳияи мазкур шикоят намудааст. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохила, баъдан Б. Бобоёрова аз шаҳрванд Абдуқаҳҳор Худайқулов 3 000 доллари америкоӣ тамаъ намуда, гӯё ин маблағро ба корманди ШВКД дар ноҳияи Панҷ С.С барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб нагаштанаш дода, парвандаи ҷиноятиро нисбати ӯ қатъ кардан мехостааст. Шаҳрванд А.Худайқулов ба Баҳор Бобоёрова 3000 доллари америкоӣ дода, Баҳор Бобоёрова ба назди ваколатдори калони оперативии ШВКД дар ноҳияи Панҷ С.С., рафта ба сифати миёнарав мехостааст ба вай пора диҳад. Аммо корманди милитсия С.С. оид ба ҳолати мазкур ба Прокуратураи ноҳияи Панҷ муроҷиат намуда, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД ва Прокуратураи ноҳияи Панҷ ҳангоми додани пора Б.Бобоёроваро дастгир намуданд. Баҳор Бабаёрова на танҳо дар ҷинояти коррупсионӣ ба сифати миёнарав амал кардааст, инчунин ба ҷинояти қаллобӣ даст зада, аз маблағи 3000 доллар, 1000 долларашро аз худ кардааст. Нисбати Баҳор Бобоёрова тибқи талаботи моддаи 250 қисми 1 ва 320 қисми 2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.Ҳамчунин, 7 июн Усмонов Зайниддин, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади ба манфиати худ ҳал кардани муроҷиати шаҳрванд Исманова Юлдуз, соли таваллудаш 1964, сокини ҳамин ноҳия, ба нозири минтақавии шӯъбачаи минтақавии милитсияи “Ёва”-и ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров, 150-сомонӣ пора пешниҳод намудааст. Номбурда ҳангоми додани маблағи мазкур дар утоқи кории нозири минтақавӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар додани пора дастгир карда шуд. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






