М.Чориева ва М. Каримов – ғолибони мусобиқоти байналмилалӣ

Июнь 3, 2014 11:46

Душанбе, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави  Қосим). – Чанде  пеш  дар   шаҳри  Ӯши  Қирғизистон  бахшида ба  устодони  варзиши Иттиҳоди  Ҷамоҳири Шӯравии  Сусёлистӣ бародарон  Абдувалӣ  ва  Нурғозӣ Арзиевҳо  мусобиқоти байналмилалӣ  аз  рӯи  бокс  баргузор гардид.
Тавре  ки  аз  Кумитаи  миллии  олимпии  Тоҷикистон  хабар  доданд,  мусобиқот  аз  28  май то 1  июн  сурат  гирифт. 
Варзишгари  маъруфи  тоҷик  Мавзуна  Чориева  дар  мусобиқоти  байни   занон  дар  вазни  то  60  кг   соҳиби  медали тилло  гардид.
Намояндаи дигари  Тоҷикистон  Меҳроҷиддин Каримов  дар  мусобиқоти  байни  мардон   дар  вазни + 91  кг  пирӯз  шуда,  медали  тилло ба даст овард.
Дар  мусобиқот  варзишгарони  Қирғизистон,  Ӯзбекистон,  Тоҷикистон  ва  Русия  иштирок  доштанд.

Июнь 3, 2014 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст