М.Чориева ва М. Каримов – ғолибони мусобиқоти байналмилалӣ
Душанбе, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). – Чанде пеш дар шаҳри Ӯши Қирғизистон бахшида ба устодони варзиши Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусёлистӣ бародарон Абдувалӣ ва Нурғозӣ Арзиевҳо мусобиқоти байналмилалӣ аз рӯи бокс баргузор гардид.
Тавре ки аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқот аз 28 май то 1 июн сурат гирифт.
Варзишгари маъруфи тоҷик Мавзуна Чориева дар мусобиқоти байни занон дар вазни то 60 кг соҳиби медали тилло гардид.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Меҳроҷиддин Каримов дар мусобиқоти байни мардон дар вазни + 91 кг пирӯз шуда, медали тилло ба даст овард.
Дар мусобиқот варзишгарони Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Русия иштирок доштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






