М. Маҳмадаминов-муовини раиси иҷлосияи МУ СММ
Душанбе, 19.06.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар нишасти навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 11 июн масъалаи интихоби раиси иҷлосияи 69-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (МУ СММ) ва муовинони ӯ матраҳ шуд.
Вазири корҳои хориҷии Уганда Сэм Кутеса бо иттифоқи оро ба ҳайси раиси иҷлосияи 69-уми Маҷмаи Умумии СММ интихоб гардид. Ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ба сифати яке аз муовинони раиси иҷлосияи 69-уми Маҷмаи Умумии СММ интихоб шуд.
Зимни суханронӣ раиси тозаинтихоби Маҷмаи Умумии СММ Сэм Кутеса мавзӯи иҷлосияи 69-уми Маҷмаи Умумии СММ, инчунин мавзӯи мубоҳисаҳои умумии Маҷмаи Умумӣ «Муҳокима ва татбиқи рӯзномаи рушди баъди соли 2015» (Delivering on and Implementing a Transformative Post-2015 Development Agenda)-ро эълон дошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






