М. Убайдуллоев бо даъвати Ж.Пиер Бел ба Аврупо рафт
Душанбе, 09.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Бо даъвати Сенати Фаронса имрӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин давлати аврупоӣ сафар кард.
Интизор меравад, М. Убайдуллоев зимни сафари панҷрӯзаи худ ба Фаронса бо Жан Пиер Бел-Президенти Сенати Фаронса, инчунин бо сенаторҳои фаронсавӣ Андре Дюле — роҳбари гуруҳи дӯстии Фаронса ва Осиёи Марказӣ ва Ив Поззо ди Борго — муовини роҳбари гуруҳи дӯстӣ, роҳбари гуруҳи дӯстии Фаронса ва Тоҷикистон баҳри таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ мулоқот менамояд.
Инчунин М.Убайдуллоев аз қароргоҳи Ширкати фаронсавии «Итрон Франс», ки ба истеҳсоли ҳисобкунакҳои обӣ машғул аст, дидан намуда, бо Паскал Мишодел -Президенти «Итрон Франс» мулоқот хоҳад намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






