Мақоми дувуми Дилшод Назаров дар «Ostrava Golden Spike»
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Дилшод Назаров дар мусобиқаи пурнуфуз бо номи «Ostrava Golden Spike», ки дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех баргузор шуд, гурзро ба дурии 80 метру 62 сантиметр ҳаво дода, мақоми дувумро касб кард. Кристиан Парс аз Маҷористон, бо натиҷаи 81 метру 57 сантиметр ғолиби ин сабқат шуд. Павел Файдек, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2013 аз Лаҳистон бо натиҷаи 79 метру 65 сантиметр ҷойи севумро гирифт.Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар доданд, имсол ду мусобиқаи бузургтарин — яке Ҷоми ҷаҳонии варзиши сабук аст, ки моҳи сентябр доир мешавад ва дигаре Бозиҳои XVII осиёист, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли равон дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад. Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш Дилшод дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук “Даъвати Маскав” дар сабқати гурзандозӣ бо натиҷаи 79 метру 20 сантиметр ғолиб шуд. Дилшод моҳи май дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар Олмон бо натиҷаи 79 метру 58 сантиметр мақоми дувумро касб карда, бо медали нуқра сарфароз шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






