Маҳфили кашидадӯзӣ-эҳёгари ҳунари миллӣ

Июнь 6, 2014 15:45

Душанбе, 06.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар факултаи физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров  барои  гузаронидани маҳфилҳо барои духтароне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил доранд, аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. 
Тавре ки сардори Раёсати таълими донишгоҳ Саидқаҳҳор Ёқубов иттилоъ дод, оид ба эҳёи ҳунарҳои халқӣ ва зинда нигоҳ доштани касбу ҳунарҳои ниёгон, ташкили корхонаҳои  саноатӣ, кушодани марказҳои таълимӣ, гулдӯзиву зардӯзӣ, қолинбофӣ, тайёр намудани тоқиву либосҳои анъанавӣ тадбирҳо андешида мешаванд. 
Гузашта аз ин шароити хуби корӣ барои гузаронидани машғулиятҳо дар сифхонаи таълимии факулта низ ташкил гардида, барои иҷрои корҳои дастӣ, механикӣ, ба монанди зардӯзӣ дар мошинаи зардӯзӣ муҳайёст. Донишҷӯдухтарон  дӯхтани ҷиҳак, рӯймол ва куртаи милливу тоқии духтарона бо зардӯзиро хуб аз худ кардаанд.  Дастури методӣ, банерҳо, адабиёти асосӣ ва иловагӣ, асбобу лавозимоти зарурӣ барои донишҷӯён дастрас  аст.
            Намунаҳои иҷрокардаи кори донишҷӯён дар озмоишгоҳи дӯзандагӣ нигоҳ дошта мешаванд. Дар оянда боз  баҳри иҷрои  корҳои намунавӣ ва хубтар  бозомӯзонидани  донишҷӯён бо касбу ҳунарҳои ҳалқӣ ва аҷдодӣ, соҳиби касби даромаднок шудани  онҳо тадбирҳо андешида шуда, роҳҳо ва усулҳои замонавӣ интихоб ва кор фармуда мешаванд.

Июнь 6, 2014 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад