Маросими истиқболи расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Малайзия
Душанбе, 23.06.2014 (АМИТ «Ховар»).-Нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия субҳи имрӯз бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар саҳни Парлумони ин кишвар оғоз ёфт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бонуи аввали кишварро Подшоҳи Малайзия, волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Шоҳбону ва Сарвазири кишвари мизбон Наҷиб Абдурразоқ истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Шоҳбону ва Бонуи аввали Тоҷикистон ба болои минбари подшоҳӣ гузаштанд ва сурудҳои миллии ду кишвар садо дод. Минбаъд маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон, гузашти сарони ду давлат аз назди сафи горди фахрӣ ва арзи эҳтиром ба Парчами давлатӣ ва Ливои кишвари мизбон ҷараён гирифт. Сипас фармондеҳи горди фахрӣ аз анҷоми маросим гузориш медиҳад ва бори дувуми садои сурудҳои миллии ду кишвар танинандоз мегардад. Дар ин ҳангом ба ифтихори нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия ҳамчунин аз тӯпхонаҳо 21 шиллик паронда мешавад.
Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Шоҳбону ва Бонуи аввали Тоҷикистон ва Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурразоқ аъзои ҳайатҳои расмии ду ҷониб муаррифӣ карда шуд.
Пас аз анҷоми маросими истиқбол Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам ва Шоҳбону Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Бонуи аввали Тоҷикистонро ба меҳмонхонаи иқомат ва зиёда аз он то хонаи зисташон гусел карда, эҳтирому самимияти олии меҳмондорӣ нишон доданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






