Маросими истиқболи расмии Президенти Латвия
Душанбе, 10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ин лаҳзаҳо дар назди Қасри Миллат маросими истиқболи расмии Президенти Латвия Андрис Берзиньш, ки бо сафари расмӣ 9 июни соли ҷорӣ вориди Душанбе шуда буд, оғоз гардид. Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ масоили вобаста ба рушди муносиботи дуҷониба ва густариши минбаъдаи онҳо нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ҳарду давлат матраҳ шуда, мавзуъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ сипас дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб муҳокима ва баррасӣ мегарданд.Интизор меравад, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 5 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Латвия ба имзо расанд. Маврид ба ёдоварист, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия соли 1992 барқарор шуда, заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Латвия аз 8 ҳуҷҷатҳои байнмҳукуматӣ иборат аст. Аз ҷумла Баёнияи муштараки Президентони Тоҷикистону Латвия; Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии худдорӣ аз пардохти андоз аз даромад ва сармоя; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба алоқаи ҳавоӣ; Протоколи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия.Бояд гуфт, ки ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Латвия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ 20-21 ноябри соли 2013 барпо гардида, дар 9 моҳи аввали 2013 ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар ба 20347,5 ҳазор доллар расидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






