Маросими истиқболи расмии Сарвазири Покистон

Июнь 17, 2014 14:52

   Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ин лаҳзаҳо дар назди Қасри Миллат маросими истиқболи расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, ки бо сафари расмӣ 17 июни соли ҷорӣ вориди Душанбе шуд, оғоз гардид. Дар назар аст, ки пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ масоили вобаста ба рушди муносиботи дуҷониба ва густариши минбаъдаи онҳо нахуст дар мулоқоти хосаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон Навоз Шариф матраҳ шуда, мавзуъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ сипас дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб муҳокима ва баррасӣ гарданд.
Интизор меравад, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 5 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистонба имзо расанд. 
Маврид ба ёдоварист, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 6 июни соли 1992 барқарор гардидаанд.
Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки соли 1993 Сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ кардааст.  Алҳол Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷ-би Амҷад Ҳусайн Сиал мебошад. Соли 1997 Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Карочии Ҷумҳурии Исломии Покистон фаъолияти худро оғоз намуда, соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар расман ифтитоҳ гардид. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов мебошад.
Айни замон пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро  қариб 40 адад созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, ки миёни ду кишвар ба имзо расидаанд, ташкил менамояд.
Табодули моли байни ду кишвар дар соли 2013 ба 84,1 млн доллари ИМА расид, ки аз он содирот 19,9 млн долл. ИМА ва воридот 64,2 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ҷумҳурии Исломии Покистон шарики муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар минтақа буда, сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии саъю талоши ҷонибҳо ҷиҳати рушд ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои гуногунсамти дуҷониба ба ҳисоб меравад.

Июнь 17, 2014 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!