Маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи Содирхон Ҳофиз
Душанбе, 6.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар бунёди бинои хобгоҳи муассисаи давлатии мактаби рақсии «Зебо» хишти аввалро гузошт.
Мавриди зикр аст, ки муассисаи давлатии мактаби рақсии «Зебо» — и вилояти Суғд моҳи декабри соли 2012 таъсис ёфта, духтарон дар ин мактаб ҳунари рақс меомӯзанд ва дар чорабиниҳои фарҳангии вилоят бо барномаҳои рақсии зебои худ баромад мекунанд. Бинои хобгоҳ дар паси бинои мактаби рақсӣ бунёд мешавад.
Сипас раиси вилоят дар маросими ифтитоҳи пайкараи ҳунарманди асил ва ромишгари мумтоз Содирхон Ҳофиз, ки дар назди бинои Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд бунёд шудааст, иштирок намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ муовини раиси вилоят Раъно Бобоҷонова доир ба ҳаёт ва фаъолияти Содирхон Ҳофиз маълумоти муфассал дода, гуфт, ки Содирхон Бобошарифов, маъруф ба номи Содирхон Ҳофиз дар рушду нумӯи санъати «Шашмақом» нақши босазо дорад.
Бояд гуфт, ки пайкараи Содирхон Ҳофиз ба ҳунари дастони ҳайкалтарош Даврони Аҳмадзод тааллуқ дорад.
Гуфта мешавад, ки Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз соли равон 85 -сола шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






