Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА

Июнь 4, 2014 09:29

Душанбе, 04.06.2014 (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим).- 3 июни соли 2014 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Озода Раҳмон Эмомалӣ машваратҳои сиёсии навбатии дуҷонибаи солона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи давлатии ИМА, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду кишвар ширкат варзиданд, баргузор гардид.
Дар машваратҳо масъалаҳои амниятӣ, ченаки инсонӣ, масоили рушди иқтисодӣ ва масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ гаштанд.
Дар маърӯзаи худ муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ суръати вусъатёбандаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикиро зикр намуд. Бо камоли қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба, ки солҳои охир ба даст расидаанд, қайд гардид ва изҳори умед карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судманд идома хоҳанд ёфт. Ҳамзамон масъалаҳои идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ байни кишварҳо, мукаммалсозии пояи шартномавӣ-ҳуқуқии дуҷониба, фаъол гардонидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ таҳти муҳокима қарор гирифт. Зимни суханронии худ Раҳмон Озода Эмомалӣ нақши ИМА дар эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар Афғонистон ва таъсири мусбати онро ба  вазъи умумии амниятии минтақа зикр кард. Дар ин росто, инчунин фаъолияти USAID дар Тоҷикистон баланд арзёбӣ гардид.
Ёвари котиби давлатии ИМА Ниша Десай Бисвал муносибатҳои дуҷонибаро баланд арзёбӣ карда, ба ҷониби Тоҷикистон барои иқдомҳои фаъол ва тахассуснок, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба равона гардидаанд, изҳори миннатдорӣ кард. Ба ақидаи Ёвари котиби давлатии ИМА, машваратҳо бори аввал самараноктар ва фаъолтар баргузор гардида, ба сатҳи тахассусии назаррас бардошта шуданд. Изҳори умед карда шуд, ки дар оянда низ ҷонибҳо ин сатҳро нигоҳ медоранд.  
Дар машваратҳо масоили амниятӣ баррасӣ гашта, дар он ҷонибҳо оид ба чолишҳои мавҷуда, ки аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ва террористӣ дар минтақа маншаъ мегиранд, ақидаи яксонро изҳор карданд.
Дар мавриди масъалаҳои озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон, намояндагони амрикоӣ сатҳи муколамаи мавҷударо дар ин соҳа баланд арзёбӣ карданд.
Зимни баррасии масъалаҳои иқтисодӣ ҳамкории фаъол дар соҳаи энергетикӣ байни се кишвар- Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон зикр гардид. Намояндагони Котиботи давлатии ИМА ислоҳоти иқтисодиеро, ки дар Тоҷикистон ҷараён дорад ва ҳамкориҳои иқтисодии дуҷонибаро мусбат баҳо доданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои самаранок ва мутақобилан судманд изҳори умед карданд ва ба машваратҳои баргузоргашта баҳои мусбат доданд.
 
 
 

Июнь 4, 2014 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст