Машварати кишварҳои узви СҲШ
Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории коршиносон оид ба фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар-машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки салоҳияти бурдани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро дорад, баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои мубодилаи иттилоот, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, гузаронидани чорабиниҳои муштарак, пешгирии қочоқи маводи нашъовари синтетикӣ ва муқовимат ба ворид намудани маводи кимиёвӣ, ки барои истеҳсоли маводи нашъаовар истифода бурда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар интиҳо санади ниҳоии ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия ба имзо расид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






