Машварати мақомоти салоҳиятдори давлатҳои СҲШ дар Душанбе
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 19 июни соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дорои ваколати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошанд, баргузор мегардад. Машварат дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад, ки дар он тарафҳо масъалаҳои ҳамкории кишварҳои узви СҲШ, ки вазъият ва дурнамои рушди ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи муқобилият бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар бар мегирад, мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.Интизор меравад, ки баъди анҷоми машварат ҳайати расмӣ бо хабарнигорони ВАО мусоҳиба намуда, инчунин аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оранд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






