Медалҳои ҷашнии Сафорати Белоруссия ба тоҷикон
Душанбе, 20.06.2014.(АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). Маросими супоридани медалҳои ҷашнии «70-солагии озод кардани Ҷумҳурии Белорус» дар сафорати Белоруссия дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Медалҳои ҷашнӣ ба 5 шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкати фаъолашон дар озод кардани Белоруссия аз фашистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ: Кофтун Леокадия, Черкасский Петр, Умаров Мелибой, Расулов Халил, Нуров Раҷаб супурда шуд.
«Ман миннатдорам, ки ҳамаи ин ҳоло ҳам фаромӯш нашудааст. Дар ин рӯз ман мехостам ба ҳама сулҳ ва оромиро таманно намоям , то дар кишварамон дигар ҷанг нашавад», — гуфт собиқадори ҷанг ва яке аз озодкунандагони Белоруссия Леокадия Кофтун.
Сафири Белоруссия дар Тоҷикистон Ольга Гаврук ба ҳамаи иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, ба собиқадорои ҷанг медалҳои ҷашнӣ ва тӯҳфаҳои хотирмонро супорид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






