Медали намояндаи Тоҷикистон дар Доғистон
Душанбе, 14.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Залимхон Юсуфов, намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод ба хотираи Алӣ Алиев, қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон дар Доғистон медали биринҷӣ ба даст овард.Ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпӣ ин мусобиқа дар шаҳри Каспийски Доғистони Русия бо ширкати ҳудуди 200 гуштигир аз 15 кишвар баргузор шуд. Залимхон Юсуфов дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило мақоми севумро касб кард. Дар ин вазн Элдар Наҷмиддинов (Русия), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Магомедгаджӣ Абакаров (Доғистон) ғолиб омад, ҷойи аввалро гирифт.Бояд гуфт, ки Залимхон Юсуфов, ки дар Доғистон зиндагӣ мекунад, аз соли 2012 Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Вай имсол дар Ҷоми Рамзан Қодиров, сарвари Чеченистон дар Грозний медали нуқра ба даст оварда буд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






