Мероси гаронбаҳои Ҷомӣ ба наслҳои оянда

Июнь 9, 2014 13:42

Душанбе, 09.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Бахшида ба 600-солагии олим, мутафаккир, шоир ва нависандаи барҷастаи адабиёти тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ҳафтаи гузашта дар Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки ҳайати шахсии ин Раёсат машғулияти хизматӣ таҳти унвони «Мероси гаронбаҳои мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ» баргузор гардид.  
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирзо Солеҳов оид ба ҳаёту фаъолият, ашъору осори гаронбаҳо ва мероси адабии ба насли оянда боқимондаи Абдураҳмони Ҷомӣ маърӯза намуд. Ӯ дар баромадаш зикр кард, ки аз Абдураҳмони Ҷомӣ ашъору осори безавол то замони мо расидааст, ки  онҳо дорои аҳамияти калони адабиву эстетикӣ мебошанд.
Сипас аз ҷониби кормандони Раёсати тиббӣ ва Комиссияи марказии тиббӣ-ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ аз ашъору осори Абдураҳмони Ҷомӣ порчаҳо қироат гардида, саҳначаҳо намоиш дода шуданд. 
 
 

Июнь 9, 2014 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш