ММТ: маълумот барои довталабоне, ки соҳиби имтиёзанд
Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Ба диққати довталабоне, ки пас аз бақайдгирӣ соҳиби имтиёз гардидаанд, расонида мешавад, ки дар ин хусус ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод созанд.
Ба иттилои Ситорабону Назарова зикри ном, номи падар ва хонаводагӣ, рақами назоратии худ (аз варақаи бақайдгирӣ), рақами муассисаи таълимӣ, ноҳия ва ё шаҳр, навъи имтиёз (ғолибият дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии анъанавӣ, номӣ, даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва даставии байни мактабҳои президентӣ аз фанҳои таълимӣ, ҳамчунин, олимпиадаҳои байналмилалӣ (ба истиснои олимпиадаҳои фосилавӣ) дар соли таҳсили 2013 — 2014) ва ҳуҷҷати тасдиқкунанда тибқи талаботи “Тартиби муқаррар намудани имтиёзҳо ҳангоми қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” (нусха ё асли «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи ғолибияти хонанда дар олимпиадаи байналхалқӣ бо замимаи «Грамота», «Диплом» ё «Сертификат»-и Олимпиадаи байналхалқӣ) шарт аст.
Довталабон метавонанд нусхаи ҳуҷҷатҳоро тавассути почтаи электронии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон office@ntc.tj ирсол намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






