Моҳи Рамазон омад аз сӯи биҳишт….

Июнь 19, 2014 15:58

Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Тибқи ҳисоби илмӣ ва ҳисоби эҳҷаззабуд моҳи шарифи Рамазон рӯзи шанбе -28 июни соли 2014 оғоз меёбад. Дар ин хусус дирӯз 18 июн дар ҷаласаи Шӯрои уламои ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода бо иштироки имомхатибон доир гардид, қарор қабул шуд.
Ҳоҷӣ Неъматуллоҳ, котиби масъули Маркази исломии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҷаласа ҳамзамон миқдори нисоб муайян ва тасдиқ шуд, ки он ба 10 ҳазору 875 сомонӣ баробар аст. Яъне, афроде, ки ин миқдор маблағ доранд, бояд дар ҳаҷми 272 сомонӣ закот диҳанд. Ҳаҷми садақаи фитр сари ҳар нафари афроди хона 4 сомониро ташкил дод.
Моҳи Рамазон яке аз моҳҳои шариф барои мусулмонон маҳсуб ёфта, тамоми мусулмонони ҷаҳон дар ин моҳи муборак рӯза медоранд, бештар ба тоату ибодат ва қироати Қуръони азимушшаън машғул шуда, кинаро аз дилҳо дур сохта, ба эҳтиёҷмандон, маъюбон ва ятимону бепарасторон кӯмак мерасонанд.

Июнь 19, 2014 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд