Модари солим – насли солим

Июнь 11, 2014 09:29

Душанбе,11.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Дастовардҳо ва имкониятҳо дар соҳаи солимии репродуктивӣ, беҳтаркунии солимии модар ва кӯдак дар шаҳри Душанбе», чунин унвон дошт ҳамоиши навбатии табибон, ки дар Маркази равобити «Пойтахт» чанде қабл доир гардид.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Руқия Қурбонова ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимов, зарурати ба ин масъала таваҷҷуҳ намудани роҳбарияти вазорат ва ҳукумати шаҳри Душанберо дар он шарҳ доданд, ки танҳо модари солим метавонад тифли солим ба дунё оварад, аз ин хотир ҳифзи сиҳатии модарону ҷавонзанони қобили таваллуд пояи асосии ба дунё омадани насли солим аст.
Роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, доктор Павел Урсу ва роҳбари намояндагии Хазинаи созмони кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Лайло Моширӣ зимни суханронии хеш қайд намуданд, ки ин ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ барои ҳамкории судманд ва дастгирии ҳамешагии самти мазкур дар Тоҷикистон омодаанд.
Дар рафти кори конфронс мутахассисон ва олимону устодон паҳлуҳои гуногуни ҳифзи сиҳатии модару кӯдакро дар Тоҷикистон матраҳ намуда, барои пешрафти соҳа табодкли назар карданд.
 Аз хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  хабар доданд, ки дастгирии молиявии конфронси мазкурро Лоиҳаи ЮСАИД -«Тандурустии босифат» бар уҳда дошт.

Июнь 11, 2014 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст