Муҳоҷирон аз тариқи мошин сафар мекунанд

Июнь 2, 2014 10:21

Душанбе,2.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар давоми моҳи май аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори вилояти Суғд ба таври муташаккилона ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар намудани шаҳрвандон авҷи тоза пайдо кард.Бино ба иттилои Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 27 майи соли равон 100 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба шаҳрҳои Тюмен, Сургут ва Красноярск гусел шуд.ҶДММ «Иттиҳодияи Автовокзалҳо» 14 нафар сокини шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Б. Ғафуров ва Зафарободро ба шаҳри Красноярск, ҶДММ «Суғдиён-Помир Тур» 53 нафар сокини шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Б. Ғафуров, Мастчоҳ ва Айниро ба шаҳри Сургут ва ҶДММ «Сомонэкспрестранс» 28 нафар сокинони ҳамин шаҳру ноҳияҳоро ба шаҳри Тюмен гусел намуд.Зимни суҳбат бо муҳоҷирони меҳнатӣ маълум шуд, ки онҳо барои фаъолияти меҳнатӣ ба муҳлати 1 сол ба Федератсияи Русия аз тариқи мошин, ки барояшон арзон ва дастрас мебошад, сафар мекунанд.

Июнь 2, 2014 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе