Муҳокимаи кам намудани монеаҳои техникӣ дар савдо
Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Агентии «Тоҷикстандарт» ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ-машваратӣ оид стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат таҳти роҳбарии раиси ин Шӯро, вакили мардумӣ Амир Катаев доир гардид.
Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласаи Шӯро масоили таҳия ва ҷорӣ намудани маҷмӯи стандартҳо оид ба хизматрасонӣ, қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ бо мақсади татбиқи амалии қонунҳои амалкунанда, кам намудани монеаҳои техникӣ дар савдо ҷиҳати дастгирии бахши соҳибкорӣ ва амсоли инҳо баррасӣ гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки Шӯрои ҷамъиятӣ-машваратӣ оид стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат дар назди Агентии «Тоҷикстандарт» фаъолият намуда, аъзои онро олимону муттахассисони соҳа ва намояндагони идораву ташкилотҳои марбута ташкил медиҳанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






