Муҳокимаи масъалаи мақоми Ваҳдати миллӣ

Июнь 6, 2014 11:50

Душанбе, 06.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас  Темурзода ). – 10  июн дар  шаҳри  Душанбе  ба  ифтихори Рӯзи  Ваҳдати  миллӣ  мизи  мудаввар  дар  мавзӯи  «Мақоми  Ваҳдати  миллӣ  дар  ташаккули давлатдории  навтарин»  баргузор  мегардад.
Дар  кори  мизи  мудаввар  намояндагони  сохторҳои  мухталифи  ҳокимияти  давлатӣ  иштирок  менамоянд. Дар  ин  бора  аз Суди конститутсионии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар» хабар  доданд.
Хотирнишон  месозем, ки  27  июн дар  Тоҷикистон  санаи  таърихӣ —  Рӯзи  Ваҳдат ва  оштии  миллӣ  таҷлил  мешавад.

Июнь 6, 2014 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш