Муҳокимаи масоили мухолифат ба терроризм ва ришвахӯрӣ
Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Назар ба хабари ВКД ҶТ имрӯз, 19 июн, дар шаҳри Душанбе конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Мухолифат ба ситезаҷӯӣ ва таҳдидҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ: дастовардҳо ва дурнамои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, ифротталабӣ ва ришвахӯрӣ» ба кораш шуруъ намуд.
Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни суханрониаш аз Стратегияи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, ифротталабӣ ва ришвахӯрӣ нақл кард.
Дар конфронс намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Суди олӣ, Суди конститутсионӣ, Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо ришвахӯрӣ, Агентии назорати маводи мухаддир ва ғайра иштирок доранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






