Муҳокимаи муҳоҷирати меҳнатӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ

Июнь 24, 2014 10:03

 
Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-   Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дастгирии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ба муносибати 17-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ имрӯз, 24 июни соли равон  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҳамватанони бурунмарзӣ кори худро оғоз кард.
Дар кори он  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Фаттоҳзода Саидмурод Самад, роҳбари Намояндагии Созмони Байналмилалии  Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тайма Курт, намояндагони вазорату идораҳо, макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон, ВМКБ, Суғд, шаҳри Душанбе,  созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, ташкилотҳои ҷамъиятии минтақавӣ, марказҳои фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ аз вилоятҳо, шаҳру минтақаҳои Федератсияи Русия ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ширкат доранд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағоева иброз дошт, ки ҳамоиши тоҷикони бурунмарзӣ дар фазои сулҳу субот дар кишвар ва дар марҳалаи рушду нумуи Ватани азизамон баргузор гардида, барои таҳкими ғояҳои Ваҳдати миллӣ, якпорчагии сарзамини азиз ва тақвияти робитаҳои ногусастанӣ бо тамоми тоҷикони ҷаҳон мусоидат мекунад.
         Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ хотиррасон кард, ки масъалаи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда,  бо мақсади ҷалбу сафарбар намудани ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин ҳамкорӣ бо онҳо ҷиҳати рушди устувори ҷумҳурӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
  Дар айни замон 81 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар қаламрави Федератсияи Русия, инчунин 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Украина, 2 ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, 1 ҷамъият ва 7 маркази фарҳангии тоҷикон дар Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият дорад. Номбурда изҳори умед намуд, ки  ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва ҳалли дигар масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ин ташкилоту марказҳо саҳм мегузоранд.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ, роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират дар Тоҷикистон Тайма Курт ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ибрози назар намуданд.
Дар назар аст, ки дар ҷараёни форуми  дурўза коркарди «Харитаи роҳ» барои ҷалби ҷамъиятҳо дар раванди рушди давлат ва дурнамои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, инчунин муаррифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба нақшаи чарабиниҳои Консепсияи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба сифати шарикони рушди кишвар баррасӣ гардад.
Дар ҳамоиш рўёрўии натиҷаҳои тадқиқоти Созмони Байналмилалии Муҳоҷират роҷеъ ба муайян намудани иқтидор ва имкониятҳои ҷамъиятҳои тоҷикон барои мусоидат дар рушди иқтисоди Тоҷикистон бо такя аз таҷрибаҳои СБМ дар таҳияи барномаҳои ҷалби ҷамъиятҳо дар кишварҳои Африқо дар назар мебошад.
Дар хатми ҳамоиш иштирокдорони Форуми тоҷикони бурунмарзӣ ба тоҷикони ҷаҳон Муроҷиатнома қабул хоҳанд кард, ки муҳтавои онро иқтидору ҳавасмандии ҷамъиятҳои тоҷикон барои саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ташкил медиҳад.
         Бо мақсади амалӣ намудани ҳамкориҳои созанда Форум 25 июн ба кори худ анҷом мебахшад.
 
 

Июнь 24, 2014 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад