Муҳокимаи рушди тиҷорату фоида дар Афғонистон

Июнь 24, 2014 11:01

Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар»). – 23  июн  дар  шаҳри  Душанбе форуми  соҳибкорон  аз  рӯи  масъалаи  рушди  савдо  ва    фоида дар  Афғонистон  баргузор  гардид. 
Мувофиқи   хабари Сафорати  ИМА  дар  ҶТ,  соҳибкорони тоҷик  якҷоя  бо   соҳибкорони  Афғонистон,  Қирғизистон  ва  Покистон гуфтушунид  доир  намуда, масоили  марбут ба  имкониятҳои  сармоягузорӣ  дар  чор  кишвари  минтақаро  мавриди  муҳокима  қарор  медиҳанд.
Ин  чорабинӣ бо  ибтикори  USAID   пайваста  бо  ҳамкорӣ  бо  палатаҳои  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон,  Афғонистон,  Қирғизистон, Палатаи  муттаҳидаи савдо  ва  саноати  Покистону  Афғонистон,  ҳамчунин Барномаи  рушди  СММ  ва Лоиҳаи «Мусоидат  ба  рушди тиҷорат» роҳандозӣ   шудааст. 
«Тайи бист  соли охир  Осиёи  Марказӣ  ба  яке  аз  минтақаҳои бо  суръати баланд  тараққикунанда  мубаддал  гардид, ки дар  он  идомаи  рушди  устувори  иқтисодиёт  ба  назар  мерасад. Дар Осиёи  Марказию  Ҷанубӣ имкониятҳои истифоданашудаи  бузурги тиҷорат арзи  вуҷуд дорад,  ки ҳамаи  кишварҳои  минтақа  метавонад аз  онҳо  бархӯрдор  бошанд.  Ин  вазъият  барои  ҳамаи  ҷонибҳои  манфиатдор  муфид  аст», — зикр  намуд,  сафири  ИМА  дар  Тоҷикистон  Сюзен Эллиотт.
Иштирокдорони  форум  дар  баробари  мулоқотҳо, аз   чор  корхонаи  шаҳри  Душанбе низ боздид  намуда, бо  вазъи  истеҳсоли  маводи  сохтмонӣ, маҳсулоти саноати  хӯрокворӣ  ва  нассоҷӣ  шинос  мешаванд.

Июнь 24, 2014 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад