Муҳокимаи сатҳи муошират бо забони адабӣ дар нақлиёт
Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ баъди зуҳр дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо донишҷӯёну омӯзгорон мулоқот доир менамояд.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва иҷрои талаботи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» кумита як зумра мулоқотҳоро бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баргузор намуд.
Ҳангоми мулоқотҳо аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён дар иртибот ба масъалаҳои меъёрҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, забони тарҷумаи китобҳои дарсӣ ва воситаҳои ахбори омма, забони иттилоот ва реклама, сатҳи муоишират бо забони адабӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, сатҳи барномаҳои телевизионӣ ва филмҳои бадеию тасвирӣ, сатҳи суханварии омӯзгорон дар муассисаҳои илмию таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавони забондон, риояи меъёрҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар воситаҳои ахбори омма саволҳо пешниҳод гардиданд, ки аз ҷониби роҳбарони сохторҳои кумита ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






