Муҳокимаи сатҳи муошират бо забони адабӣ дар нақлиёт

Июнь 5, 2014 16:07

Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ баъди зуҳр дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо донишҷӯёну омӯзгорон мулоқот доир менамояд. 
Бо мақсади арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва иҷрои талаботи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» кумита як зумра мулоқотҳоро бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баргузор намуд.
Ҳангоми мулоқотҳо аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён дар иртибот ба масъалаҳои меъёрҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, забони тарҷумаи китобҳои дарсӣ ва воситаҳои ахбори омма, забони иттилоот ва реклама, сатҳи муоишират бо забони адабӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, сатҳи барномаҳои телевизионӣ ва филмҳои бадеию тасвирӣ, сатҳи суханварии омӯзгорон дар муассисаҳои илмию таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ  ва тарбияи мутахассисони ҷавони забондон, риояи меъёрҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар воситаҳои ахбори омма саволҳо пешниҳод гардиданд, ки аз ҷониби роҳбарони сохторҳои кумита ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
 

Июнь 5, 2014 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад