Муаррифии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ

Июнь 4, 2014 11:13

Душанбе, 4.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи босамари  «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014» , ҳукумати кишвар бо таваҷҷӯҳ ба иқтидор, хусусиятҳои табиӣ ва таърихию фарҳангии кишварамон дар қатори дигар самтҳо, соҳаи туризмро ҳамчун самти афзалиятноки рушди иктисодиёти миллӣ эълон кардааст.
Бо мақсади рушди туризми воридотӣ, ҷалби ҷомеа ба мероси фарҳангиву таърихӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, омода намудани пешхизматҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ҳамчунин ширкати фаъол дар чорабиниҳои бонуфуз ва бад-ин минвол муаррифии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамкориро бо меҳмонхонаи «Серена» ба роҳ монда, ҷонибҳо дар ин робита  изҳор доштанд, ки барои ҳамкориҳо ҳамеша ҳавасманданд ва бобати вусъати робитаҳо талош хоҳанд кард. 
 
 
 
 
 

Июнь 4, 2014 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад