Мубориза бо фасод- вазифаи ҳар фард
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти гумрук ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.
Тавре ки аз Хадамоти гумрук иттилоъ доданд, вохӯрӣ мавзӯи зуҳуроти коррупсионӣ ва мубориза бо он дар кишварро дар бар мегирифт. Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодком Турсунов оид ба мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб зикр намуд, ки таъсири коррупсия дар раванди рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим таъсири калон дорад ва муборизаи дастаҷамъона дар ин самт вазифаи ҳар фард, бахусус кормандони қудратӣ буда, баҳри пешгирии фасод дар ҷомеа аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бояд бурд.
Муовини сардори Хадамоти гумрук Тоҳирҷон Нуров изҳор дошт, ки яке аз омилҳои асосии пешгирии ин зуҳуроти номатлуб маҳз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳли ҷамоат ба шумор меравад, зеро барои содир шудани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар бисёр мавридҳо худи шаҳрвандон шароит муҳайё менамоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






