Муборизаи зидди ҷинояткориҳои ахлоқӣ идома дорад
Душанбе, 13.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тайи се шабонарӯзи гузашта 505 нафар фоишагаронро бо гумонбари ҳуқуқвайронкунии ахлоқӣ дастгир намуданд. Дар ҳамин давра 12 нафар бо гумонбари ҷинояткориҳои ахлоқӣ дастгир шуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.Дар ҷараёни тафтишот 13 ҷинояткорӣ барои ташкили фасодхонаҳо, 2 ҷинояткорӣ барои фоишагарӣ ва 1 ҷинояткорӣ барои таҳияю паҳн кардани маводи порнографӣ ошкор гардид. Ҳамчунин нисбат ба 26 нафар барои содир намудани қонуншикании маъмурӣ ҳуҷҷатҳои маъмурӣ тартиб дода, аз онҳо ба маблағи умумии 3600 сомонӣ ҷарима ситонида мешавад. Дар ҳамин давра 3 нафар барои рафтори гомосексуалӣ, 39 нафар барои миёнаравӣ, 10 нафар барои нигоҳ доштани фасодхона ва 1 нафар барои паҳн кардани маводи порнографӣ барои дидани чораҳои зарурӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ оварда шуданд.Дар натиҷаи муоина маълум шуд, ки 450 нафар мубталои бемориҳои олоти таносул мебошанд.Чорабиниҳо дар ин самт давом доранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






