Муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни ИА ва ҶТ
Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Шашумин ҷаласаи Муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳайати намояндагони Тоҷикистонро Музаффари Ашӯриён, мудири шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсон дар дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Тоҷикистон раисӣ намуд.
Муколама барои мубодилаи афкор оид ба вазъи ҳуқуқи инсон, чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар ИА доир гардида, аз ҷумла, интихобот, пешгирии шиканҷа, озодии баён, озодии дин ва эътиқод, ҳуқуқи зан ва кӯдакон, ҳуқуқи фирориён дастрасӣ гардид.
Ҳамчунин муҳокимаи имкониятҳо барои ҳамкории аниқ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи ояндаи Муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни ИА ва Тоҷикистон соли 2015 дар шаҳри Душанбе ё Брюссел доир мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






