Мулоқот оид ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ
Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Вохӯрии намояндаи Раёсати Агентии коррупсия дар вилояти Суғд бо кормандони соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Чкалов 30 май баргузор гардид.
Тавре ки аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ пеш аз ҳама пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ буда, чунин мулоқотҳо то ин дам дар қисме аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд гузаронида шудааст.
Бино ба таъкиди Дилшод Зарипов, сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд, яке аз сабабҳои ҷой доштани ҳолатҳои коррупсионӣ- ин надонистани ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон ва шахсони масъули сохторҳои мухталиф мебошад. Ҳамзамон зикр шуд, ки дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ танҳо бо кормандони Агентии мубориза бо коррупсия наметавон натиҷаҳои дилхоҳро ба даст овард. Дар ин ҷода бояд ҳар як фард масъулият эҳсос кунад ва дар бобати пешгирии ин ҳолати номатлуб мусоидат намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






