Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Муҳаммад Навоз Шариф

Июнь 18, 2014 13:57

 
Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрўз дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон  Муҳамад Навоз Шариф доир гардид.
Зимни мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкориҳои байниҳукуматии ду давлат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, энергетика, саноат, маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд. Ҷонибҳо аз раванди рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, омодагию ҳавасмандии худро барои боз таҳким бахшидани робитаҳо дар роҳи бунёди корхонаҳои муштараки саноати сабук, неругоҳҳои барқи обӣ, хаттҳои интиқоли неруи барқ, ҷалби сармоя ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои доираи сохибкорони ду кишвар барои ташкил ва фаъолгардонии кори минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва  воридоти технологияҳои муосир баён доштанд.
Тавре ки таъкид шуд, робитаҳои ду давлати дўстро зиёда аз 30 санади ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ танзим менамояд, ки бештари он ҷанбаҳои иқтисодиро фарогир мебошад.

Июнь 18, 2014 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд